Қатронҳо, гази карбон, кансерогенҳо: дуди сигор бо чӣ хатарнок аст

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки зарари тамокукашӣ ба никотин алоқаманд аст. Дар асл хатари асосӣ дар дуди сигор аст: маҳз он ба шуш, дил ва рагҳо зарар мерасонад.

Вақте ки тамоку месӯзад, ҳарорат қариб то 900 °C баланд мешавад. Дар ин лаҳза омехтаи ҳазорон моддаҳои зарарноки химиявӣ ба вуҷуд меояд – қатронҳо, гази карбон ва кансерогенҳо, ки инсон онҳоро нафас мекашад.

Дар дуди сигор чӣ ниҳон аст

  • Дар дуди як сигор зиёда аз 7000 моддаи химиявӣ ҳаст ва тақрибан 69 аз ин моддаҳо ба саратон, бемориҳои дил, инсулт, безурриётӣ, эмфиземаи шуш ва дигар нуқсонҳои организм оварда мерасонад.

  • Қатронҳо дар шуш таҳшин шуда, ба нафаскашӣ халал мерасонанд, бронхит, эмфизема ва бемориҳои онкологии роҳҳои нафасро ба вуҷуд меоранд.

  • Гази карбон оксигенро фишор дода бароварда, дил ва рагҳоро маҷбур мекунад, ки аз ҳад зиёд кор кунанд ва ин хавфи инфаркт ва инсултро баланд мебардорад.

  • Кансерогенҳо ҳуҷайраҳо ва ДНК-ро вайрон карда, ба саратони шуш, гулӯ, сурхрӯда ва пешобдон оварда мерасонанд.

  • Атсетон, арсен ва аммиак дар организм ҷамъ шуда, ба паст шудани тавоноӣ, безурриётӣ ва нуқсонҳо дар системаи асаб сабаб мешавад.

Зарар на танҳо барои тамокукаш


Ҳатто агар шумо ба балкон бароед ё тирезаро кушоед ҳам, ин атрофиёнро аз хатар ҳифз намекунад. Хурдтарин заррачаҳои дуд ба либос, чарм ва мебел нишаста, баъди хомӯш кардани сигор ҳам дуру дароз дар ҳаво боқӣ мемонанд.

Тамокуро шумо мекашеду зарар ба наздиконатон мерасад. Тамокукашии бепарвоёна барои кӯдакон ва занони ҳомила махсусан хатарнок аст, зеро организми онҳо аз дуди заҳрноки тамоку бештар осебпазир мебошад.

Ба ғайр аз ин, дуди сигарет ба саломатии мардон таъсири манфӣ мерасонад: моддаҳои заҳрноки он сифати нутфаро паст мекунанд ва ин ба саломатии кӯдаки оянда таъсир расонда метавонад.

Ба сӯи зарари кам қадам гузоштан мумкин аст

Пурра аз тамокукашӣ даст кашидан – интихоби беҳтарин барои саломатӣ. Вале агар шумо ҳоло ба ин тайёр набошед, донистан бамаврид аст: зарар, пеш аз ҳама, ба дуд вобаста аст, на ба худи никотин.

Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо алтернативаҳои бедуд пайдо шуданд – маҳсулоте, ки дар он тамоку намесӯзад, балки гарм карда мешавад ё никотин ба организм бо роҳҳои дигар ворид мешавад.

Онҳо хавфҳоро истисно намекунанд, вале ба кам кардани миқдори моддаҳои зарарнок ва ба сӯи истеъмоли бошууронаи никотин қадам гузоштан мусоидат мекунанд.

Хулоса

Пурра аз тамокукашӣ даст кашидан – интихоби беҳтарин барои саломатӣ. Вале агар шумо ҳоло тайёр набошед, фаҳмида гиред, ки маҳз чӣ зарар мерасонад. Маҳсулоти бедуд хавфҳоро истисно намекунад, аммо имкон медиҳад, ки таъсири токсинҳо кам карда шуда, ба сӯи интихоби бошуурона қадам гузошта шавад.