Дар бораи чӣ тавр беҳтар шудан нақл мекунем. Ба иваз кардани одатҳо ва ба даст овардани боварии бештар, неру ва дастгирии ботинӣ ёрӣ мерасонем.

Мо дар бораи кам кардани зарари сигарет кашидан, алкоголизм, вобастагӣ ба қанд, тарзи ҳаёти камҳаракат ва беморињои ѓайриэпидемикӣ, ки ба онҳо оварда мерасонад, нақл мекунем.

Мақсади мо он аст, ки ҳар яке аз сокинони Тоҷикистон зарари одатҳои худро кам кунад. Ва агар имрӯз ин корро оғоз кунем, дар оянда на танҳо барои мо, балки барои ҷаҳони атрофамон беҳтар мешавад.

Сабабҳои асосии ин беморӣҳо, ғайр аз синну сол, — одатҳои зараровар: суиистифодаи алкогол, сигарет кашидан, камҳаракатӣ ва хӯрокворӣи носолим. Онҳо умри моро ду маротиба кам мекунанд ва 80% марги аз беморӣҳои музмин боис мешаванд.

Сабаби беморӣҳо ва маргҳои аз беморӣҳо №1 дар Тоҷикистон — беморӣҳои системаи хунгардиш ва беморӣҳои дил мебошанд.

Кам кардани зарар — тамоюли ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ аст, ки на ба манъ кардани рафтори зарарнок барои саломатӣ, балки ба кам кардани оқибатҳои манфӣ равона шудааст.

Тасвир